Июл 19, 2020 11:42 Asia/Dushanbe
  • Тақсими 23 ҳазор гектар замин миёни 224 ҳазор оила дар Тоҷикистон

Тайи солҳои 2009 то 2019 дар Тоҷикистон наздик ба 23 ҳазор гектар замин миёни 224 ҳазору 625 хонаводаи ниёзманд тақсим шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи news.taj.su, Ориф Хоҷазода- раиси Кумитаи давлатии нақшабардорӣ ва заминсозии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки ҳукумати ин кишвар дар муддати 10 соли ёдшуда дар маҷмуъ барои сохти хонаҳои рустоӣ 30 ҳазор гектар замин ба хонаводаҳои ниёзманд ихтисос додааст.

Ба гуфтаи Хоҷазода, 7 ҳазор гектари боқимонда низ имсол тақсим хоҳад шуд.

Вай теъдоди мутақозиёни гирифтани замин ва сохти хонаҳои рустоӣ дар Тоҷикистонро 500 ҳазор нафар эълом кардааст.

Ба далели камбуди замин ва кӯҳистонӣ будани 93 дарсади қаламрави Тоҷикистон акнун ҳукумати ин кишвар мавзӯи илзомӣ кардани сохти хонаҳои ду ва сеқабатаро дар рустоҳо дар дасти баррасӣ дорад.

 

Барчасп