Июл 26, 2020 21:59 Asia/Dushanbe
  • Хатари сохти биноҳои баландошёна дар масири парвози ҳавопаймоҳо дар Душанбе

Ғафур Шерматов мӯътақид аст, ки сохти биноҳои баландошёна дар масири парвози ҳавопаймоҳо дар пойтахти Тоҷикистон хатароти зиёдеро ба дунбол дорад, ки акнун нодида гирифта мешавад.

Ба нақл аз сомонаи "Ахбор"-и Осиёи Миёна Ғафур Шерматов, муаррих ва аксбардори тоҷик гуфтааст: Дар Душанбе фаромӯш кардаанд, ки ғиреви муҳаррики ҳавопаймоҳо ин ҳанӯз мушкили аз ҳама камтарини сохтмони биноҳои осмонбӯсдар зери глиссада (масир ё траекторияе, ки ҳавопаймо пеш аз нишаст поён мефароянд) аст. Бунёди биноҳои осмонбӯс дар зери глиссадаи Душанбе дар замони Шӯравӣ қатъан тасаввурнопазир буд. Ин кор қонунан мамнӯъ буд. Маълум аст, ки лаҳзаҳои аз ҳама хатарнок барои экипаж ва мусофирон дақиқан лаҳзаҳои ба осмон баланд шудан ва нишасти ҳавопаймоҳост. Аксари ҳолатҳои фавқулодда маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо рух медиҳанд. Аз ин рӯ дар хатти глиссадаи Душанбе дар тӯл ва буриши кӯчаҳои Борбад, Шестопалов ва Қаробоев биноҳои осмонбӯс намесохтанд.

Минтақаи нишасти ҳавопаймоҳо минтақаи аз лиҳози садамаҳо хатарноктарин аст. Баландии биноҳои 14-ошёнае, ки дар соҳили дарёи Душанбе месозанд, ҳудуди 60 метр аст. Ҳавопаймоҳо вақти нишастан аз фосилаи ҳамагӣ чанддаҳ метр аз боми ин биноҳо мегузаранд.

 

Барчасп