Мамнуъияти маросими иди Қурбон дар Тоҷикистон
Июл 28, 2020 11:55 Asia/Dushanbe
Ситоди муқобила бо бемории коронаи Тоҷикистон эълом кард, баргузории ҷашни иди Қурбон мамнуъ аст.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Авеста, ҳамонтавр, ки дар пайёми ситоди мазкур эълом шуд, ин тасмим ба манзури ҳифзи саломати умумӣ ва ҷилавгирӣ аз шуйюи мавҷи дувуми корона дар Тоҷикистон гирифта шудааст.
Тибқи тасмими Ситоди муқобила бо корона ҳаргуна иҷтимоъ, ҷашн ва гирдиҳамоӣ дар рӯзҳои таътили иди Қурбон мамнуъ аст.
Ба Кумитаи дин низ дстур дода шудааст, ки бо ҳамкории дастгоҳҳои иҷроӣ дар минтақаҳо, шаҳрҳо ва маҳаллаҳо зарурати риояти ин қонун ба мардум тавзеҳ дода шавад.