Шиносоии 41 бемори Ковид-19 дигар бидуни мавриди ҷадиди фавт дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, дар 24 соати гузашта 41 бемори ҷадиди Ковид-19 ин кишвар бидуни мавриди фавти ҷадид сабт шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 19 рӯзи сешанбе 28 июли соли 2020 теъдоди фавтшудагон аз бемории Ковид-19 дар Тоҷикистон ба 7 ҳазору 276 нафар расидааст, ки токунун 6 ҳазору 65 нафар (баробар бо 83,3 дар сади беморон) дармон шудаанд.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар шабонарӯзи ахир 90 нафар ҳа ба гумони мубтало шудан ба Ковид-19 дар бемористонҳои Тоҷикистон таҳти дармон ҷъқарор дошта ва 37 тан пас аз беҳбуд ёфта мураххас шудаанд.
Бо ин ҳол ҳазор нафар низ, ки ба шакли сабуки бемории Ковид-19 мубтало шудаанд, дар хонаҳои хеш таҳти назорати пизишкон мудово мешаванд.