Июл 28, 2020 20:18 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши содироти сименти Тоҷикистон ба далели густариши корона

Вазири саноат ва фанноварии навини Тоҷикистон аз коҳиши содироти сименти ин кишвар ба хориҷ ба вуҷуди афзоиши тавлиди ин маҳсули сохтмонӣ дар шаш моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, Заробиддин Файзуллозода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт,ки дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон як миллиону 900 ҳазор тонна семент тавлид шуда,ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 45 ҳазор тонна бештар аст.

Бо ин ҳол ба гуфтаи вай содироти семент аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл ба мезони 44 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст, ки ин амр ноши аз баста шудани роҳҳои транзитӣ дар паи густариши вируси корона мебошад. 

Дар маҷмӯъ дар ин муддат аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 333 ҳазор тонна, ба Афғонистон 295 ҳазор тонна ва Қирғизистон 40 ҳазор тонна семент содир шудааст. 

Ба гуфтаи Файзуллозода дар шаш моҳи нахусти имсол, Тоҷикистон ба хориҷ ба арзиши молии 27 миллиону 600 ҳазор доллар анвои масолеҳи сохтмонӣ содир кардааст, ки 27 миллиону 300 ҳазор доллари он семент аст.

Барчасп