Таъсиси Маркази шабонарӯзии кумак ба қурбониёни хушунат дар Тоҷикистон
(last modified 2020-08-01T08:47:11+00:00 )
Август 01, 2020 13:47 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси Маркази шабонарӯзии кумак ба қурбониёни хушунат дар Тоҷикистон

Маркази шабонарӯзии кумак ба қурбониёни хушунат дар Тоҷикистон таъсис шуд.

 Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳилолбӣ Қурбонзода-раиси Кумитаи умури занон ва хонаводаи Тоҷикистон гуфт:Ин марказ бо ҳадафи пешгирӣ аз афзоиши хушунатҳои ҷинсиятӣ дар хона ва хонавода дар кишвар роҳандозӣ шуд.

Вай гуфт: Бо истифода аз шеваҳои навини илмӣ ва мутахассисони ин марказ дар оянда мизони хушунатҳои ҷинсиятӣ ва хонаводагӣ дар Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт.

Раиси Кумитаи умури занон ва хонаводаи Тоҷикистон эълом кард:Шаҳрвандон метавонанд барои истифода аз хадамоти мушовира ва равоншиносии марказ бо шумораи 15 тамос бигиранд.