Август 02, 2020 11:52 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми Худописандонаи бонуи тоҷик, ки натавонист ба ҳаҷ биравад

Бонуи некӯкори тоҷик бахше аз маблағи ҷамъкардаи хеш барои зиёрати хонаи Худоро ба бозсозӣ ва тармими гӯристони шаҳраки Ғончии ноҳияи Девашчии вилояти Суғд ихтисос дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Иилҳом Ҷамолиён- рӯзноманигор ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки модараш бахше аз пасандозаш барои сафари ҳаҷро сарфи тармим ва бозсозии гӯристони шаҳраки Ғончӣ кард.

Вай гуфтааст, ки модараш ба далели поин будани мизони ҳуқуқи нафақааш маблағи мавриди ниёз барои сафари ҳаҷро таи солҳои тӯлонӣ таҳия карда ва кумаки молии фарзандонро барои ин амри муҳим намепазируфт зеро муътақид буд бояд танҳо аз ҳисоби пасандози хеш ин маносикро анҷом диҳад.

Имсол ҳазинаи сафари ҳаҷи ин бонуи тоҷик фароҳам шуд, аммо ба далели густариши вируси корона Арабистони саудӣ маросими ҳаҷро бекор кард.

Аз ин рӯ бонуи некӯкор тасмим гирифт бахше аз ин пулро барои бозсозӣ ва тармими гӯристони шаҳраки Ғончӣ сарф кунад.