Август 02, 2020 19:21 Asia/Dushanbe
  • Марги як сарбози дигар дар Тоҷикистон; худкушӣ ё иттифоқ!?

Як сарбоз вазифаи 22 сола аз воҳидҳои Вазорати мудофаа Тоҷикистон бар асари захми гулулҷони худро аз даст дода,ки миёни мақомоти низомӣ ва хлнаводаи вай дар бораи иллати маргаш ихтилофи шадиде буруз кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ ТҶ , мақомоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон муддаианд, ки Рамазон Зоироф ба таври иттифоқӣ аз аслиҳаи хеш шиллик карда, ки мӯҷиби марги вай шудааст. 
 
Аммо волидайни ин сарбози кушташуда мегӯянд, ки ташхиси ҷасади фарзандашон нишон медиҳад гулӯла аз пушт ба сӯи вай шиллик шуда, ки мӯҷиби эҷоди тардид дар фарзияи Вазорати мудоифиа мегардад ва метавон ба чунин натиҷа расид, ки марги Рамазон Зоироф иттифоқӣ нест. 
 
 Сарҳанг Фаридун Муҳаммад Ализода сухангӯи вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар мавриди иллати марги ин сарбоз таҳқиқот оғозшуда ва бояд мунтазири баррасиҳои гурӯҳи коршиносӣ буд. 
 
 Созмон ғайридавлатии мудофиа ва озодииҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикстон эълом кардааст, ки таи солҳои 2015 то 2019 бар асоси шакоёти волидайн марг 10 сарбозро сабт кардааст, ки аксари онон бар асари хушунат ва бадрафторӣ дар воҳидҳои низомӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Барчасп