Фармони афзоиши ҳуқуқи кормандон ва бознишастагони Тоҷикистон имзо шуд.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони афзоиши ҳуқуқи кормандон ва бознишастагони ин кишвар аз аввали моҳи сентябрро имзо кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси фармони рӯзи сешанбеи Имомали Раҳмон мезони ҳуқуқ ва дастмузди тамоми кормандони давлат,аз ҷумла бахшҳои иқтисодӣ, беҳдошт ва дармон,омӯзиш ва парвариш, фарҳанг ва варзиш ва бознишастагон 15 дар сад афзоиш хоҳад ёфт.
Дар бахши дигаре аз ин фармон таъкид шудааст, ки мезони ҳуқуқи моҳонаи кормандони давлат дар манотиқи рустоии Тоҷикистон барои дорандагони рутбаҳои аввал то чаҳорум 620 сомонӣ таъйин шудааст.
Ин шохис барои афроде,ки дорои рутбаҳои панҷум то ҳафтум мебошанд 690 сомонӣ хоҳад буд.
Ҳамчунин мезони ҳуқуқ ва дастмузди кормандони ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ, амниятӣ, додситонӣ ва додгоҳҳо 10 дар сад афзоиш меёбад.
Дар ин фармон таъкид шудааст, ки бо афзоиши 15 дар садии ҳуқуқи бознишастагӣ дар Тоҷикистон ҳадди аққал ин дастмузд дар моҳ 206 сомонӣ ва ҳадди аксари он низ 978 сомонӣ хоҳад буд.