Иддаои бархе расонаҳои афғон дар бораи мушорикати 4 тоҷикистонӣ дар ҳамла ба зиндони вилояти Нангарҳори Афғонистон
(last modified 2020-08-05T15:45:23+00:00 )
Август 05, 2020 20:45 Asia/Dushanbe
  • Иддаои бархе расонаҳои афғон дар бораи мушорикати 4 тоҷикистонӣ дар ҳамла ба зиндони вилояти Нангарҳори Афғонистон

Бархе аз сомонаҳои хабарии Афғонистон муддаии мушорикати 4 шаҳрванди тоҷик дар ҳамлаи аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ ба зиндони шаҳри Ҷалолобод, маркази вилоияти Нангарҳор шуданд.

Ба гузориши сомонаи афғонистонии “Хабари тоза”, гурӯҳи террористии ДИИШ бо интишори акси 11 нафар аз афроди муҳоҷим ба зиндони Ҷалолобод муддаӣ шуд, ки 4 тан аз онон атбои Тоҷикистон, се нафар афғон, се табааи Ҳиндустон ва як покистонӣ ҳастанд.

 Аммо мақомоти расмӣ дар вилояти Нангарҳор гуфтанд, ки дусад зиндонӣ пас аз ҳамлаи террористҳо ба зиндони шаҳри Ҷалолободи Афғонистон, муваффақ ба фирор шуданд.

Тамим Ориф, сарпарасти волии Нангарҳор гуфт, дар зиндони марказии шаҳри Ҷалолобод ҳудуди ҳазоруҳаштсад зиндонӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки дусад нафар аз онҳо муваффақ ба фирор шуданд.

Ӯ афзуд, талошҳо барои дастгирӣ ва бозгардонидани онҳо ба зиндон идома дорад.

Ааъзои гурӯҳи террористӣ рӯзи якшанбе ба зиндони шаҳри Ҷалолобод ҳамла карданд ва бо нерӯҳои амниятии Афғонистон даргир шуданд.

Дар ин даргирӣ, ки ҳудуди бист соат тӯл кашид, 10 узви ДИИШ ва 29 нафар аз нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиёни афғон кушта шуданд.