Октябр 08, 2016 10:34 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ихроҷи муҳоҷирони Тоҷикистон аз Русия

Манобеи огоҳ дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз афзоиши ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия хабар медиҳанд.

Ба гузориши сойти "ТоҷИнфо", ин манобеъ таъкид кардаанд, ки дар як соли ахир теъдоди муҳоҷирони ихроҷшудаи Тоҷикистон аз Русия 60 дарсад афзоиш ёфтааст. Бар асоси ин гузориш, дар ҳоле ки дар моҳи октябри соли 2015 теъдоди муҳоҷирони тоҷикистонии аз Русия ихроҷшуда 130 ҳазор нафар буда, ин омор дар авоили октябри имсол ба 320 ҳазор нафар расидааст.

Бархе коршиносон эъмоли муқаррароти шадид дар қиболи истихдоми муҳоҷирони хориҷиро дар Русия аз умдатарин авомили афзоиши ихроҷи теъдоди коргарони тоҷикистонӣ унвон мекунанд. Бо ин ҳол, иддаи дигаре аз коршиносон муътақиданд, ки мушаххас нашудани мавзӯи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё аз иллатҳои афзоиши фишори Маскав ба Тоҷикистон аст, ки дар қолаби ихроҷи муҳоҷирони ин ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.

Хадамоти муҳоҷирати Русия теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистониро наздик ба 1 миллион нафар эълом кардааст. Ин дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон бидуни эъломи мизони дақиқи даромади ирсолии коргарони муҳоҷири ин кишвар аз Русия эълом кардааст, ки дар шаш моҳи аввали имсол даромади коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл беш аз 22 дарсад коҳиш ёфтааст. Бонки марказии Русия ҳам эълом кардааст, ки коргарони муҳоҷири тоҷик дар шаш моҳи аввали имсол ба Тоҷикистон 598 миллион доллар фиристодаанд, ки ин рақам дар давраи мушобеҳи соли гузашта беш аз 696 миллион доллар будааст.