Пешниҳоди намоянда аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи президентӣ
(last modified Tue, 11 Aug 2020 09:51:05 GMT )
Август 11, 2020 14:51 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди намоянда аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи президентӣ

Раҳбари Ҳизби коммунистии Тоҷикистон эълом кард, ки намояндаи худро барои ширкат дар интихоботи президентӣ пешниҳод хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Осиё плюс, Меъроҷ Абдуллоев,  раиси ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва намояндаи маҷлиси қонунгузории ин кишвар бо таъйиди ин хабар гуфт: Дар ҷаласаи ҳизб бо ҳузури 100 нафар аз аъзои довталаби ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълом хоҳад шуд. 
 
Вай эълом кард, ки барномаи интихоботи ҳизби коммунистӣ низ дар ин нишаст тасвиб мешавад. 
 
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар интихоботи парлумони 2015 барои нахустин бор натавонист намояндае ба маҷлиси қонунгузории ин кишвар бифиристад, далели ин нокомӣ тағйироти кодри ин ҳизб эълом шуд. 
 
Аммо дар интихоботи парлумони моҳи марти соли ҷорӣ ҳизби коммунистии Тоҷикистон муваффақ ба фиристодани ду намоянда ба маҷлиси ҷадиди қонунгузории ин кишвар шуд. 
 
 Интихоботи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон11октбрии соли 2020 баргузор хоҳад шуд.