330 доллар; саҳми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз қарзи хориҷӣ
(last modified Wed, 12 Aug 2020 02:45:03 GMT )
Август 12, 2020 07:45 Asia/Dushanbe
  • 330 доллар; саҳми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз қарзи хориҷӣ

Саҳми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз қарзи хориҷии ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол ба ҳудуди 330 доллар расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, дар нимаи нахусти имсол мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 3 миллиарду 96 миллиону 100 ҳазор доллар расид, ки бо таваҷҷуҳ ба ҷамъияти 9 миллиону 300 ҳазорнафарии ин ҷумҳурӣ, саҳми ҳар шаҳрванд аз қарзи хориҷӣ ҳудуди 330 доллар аст.

Мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки ин мизон қарзи хориҷии Тоҷикистон баробар бо 36.1 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аст.

Ҳамчунин барои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон дар шаши моҳи нахусти соли равон 958 миллион сомонӣ ҳазина шудааст.

Дар ҳоли ҳозири қарзи Тоҷикистон ба Боки содирот ва воридоти Чин як миллиарду 133 миллион доллар, Бонки ҷаҳонӣ 338 миллион доллар, Бонки осиёии рушд 287 миллион доллар ва Бонки рушди исломӣ 132 миллион доллар эълом шудааст.

Қарзи Тоҷикистон ба далели интишори варақҳои қарзии аврупоӣ барои фуруши саҳоми неругоҳи барқи обии Роғун дар соли 2018 ба мизони 500 доллар афзоиш ёфт.