Пардохт нашудани 14 миллион доллар манобеи буҷет ба бахши тандурустии Тоҷикистон
(last modified Wed, 12 Aug 2020 03:57:41 GMT )
Август 12, 2020 08:57 Asia/Dushanbe
  • Пардохт нашудани 14 миллион доллар манобеи буҷет ба бахши тандурустии Тоҷикистон

Бахши тандурустии Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол 14 миллион доллар манобеи таъйиншуда дар буҷети ҳукумати ин кишварро дарёфт накардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард дар шаш моҳи нахусти имсол мебоист барои бахши беҳдошт ва дармони ин кишвар як миллиард сомонӣ ҳазина мешуд, ки ҳамагӣ 850 миллион сомонӣ харҷ шудааст.

Дар шароити густариши вируси корона, бемористонҳо 45 миллион сомонӣ, дармонгоҳҳо 11 миллион сомонӣ, марокизи дармонӣ ва тавонбахши 15 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ва дигар хадамоти бахши тандурустии Тоҷикистон наздик ба 20 миллион сомонӣ дарёфт накардаанд.

Бахши ҳазинаии буҷети ҳукумати Тоҷикистон дар нимаи нахусти имсол бо касрии 2 миллиарду  300 миллион сомонӣ ва бахши даромадии он низ бо камбуди 462 миллион сомонӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Аз сӯи дигар Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи майи гузашта дастур дода буд, ки аз ҳисоби Фонди захираи раёсатҷумҳурӣ маблағи 12 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ба унвони изофакоре ба кадри дармонии ин кишвар дар шароити ҳамагирии вируси корона пардохт шавад.

Ин маблағ мебоист ба муддати се моҳ ба андозаи як маоши моҳиёна ба кадри дармонии Тоҷикистон пардохт мешуд.