Август 12, 2020 12:23 Asia/Dushanbe
  • Суханронии вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти маҷозии Осиёи Марказӣ ва Жопон

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти маҷозии Осиёи Марказӣ ва Жопон ширкат ва суханронӣ кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ва ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ин нишаст рӯзи 11 август ба сурати видеоӣ бо ширкати вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Жопон доир шуд.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви «Муколамаи Осиёи Марказӣ+Жопон» дар ин нишаст дар бораи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии КОВИД-19, тақвияти иқтидори иқтисодӣ, таъмини амнияти минтақаӣ ва рушди муносибатҳои байналмиллалӣ мубодилаи афкор карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ таъкид кард, ки ҳамкории муштарак дар чорчуби тарҳи «Осиёи Марказӣ+Жопон» муҳим буда дар рушду тақвияти широкати стратегӣ миёни кишварҳои минтақа аҳамияти бисёр дорад.

Вай бо ишора ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ бар асари ҳамагирии КОВИД-19, аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки барои пешгирӣ аз сирояти вируси корона ва барқарор кардани рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои минтақа чораҳои муассир бияндешанд.

Муҳриддин таъкид кард, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро барои пешгирӣ аз корона ва аз байн бурдани бемории мазкур меандешад.

Вай аз Жопон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои кумак ба Тоҷикистон дар мубориза бо шуйюи вируси корона изҳори сипос кард.

 

Барчасп