Арзиши сомонӣ дар баробари доллар дар соли 2023 аз 11 сомон фаротар хоҳад буд
(last modified 2020-08-14T15:07:25+00:00 )
Август 14, 2020 20:07 Asia/Dushanbe
  • Арзиши сомонӣ дар баробари доллар дар соли 2023 аз 11 сомон фаротар хоҳад буд

Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши қурби доллар дар баробари сомонӣ воҳиди пули миллии ин кишварро то соли 2023 пешбинӣ кард, ки аз 11 сомон фаротар хоҳад буд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, дар ин санад таъкид шудааст, ки дар соли 2020 ин шохиси 10 сомонӣ ва 69 дирам, дар соли 2021 , 11 сомонӣ, дар соли 2022 ,11 сомонию 33 дирам ва дар соли 2023 ба 11 сомонию 67 дирам хоҳад расид. 
 
 Ин дар ҳоле аст, ки дар банкҳои тиҷории  Тоҷикистон қиммати як доллар 10 сомоню 31 дирам таъйин шудааст. 
 
Дар Тоҷикистон аз авохири  моҳи марти соли ҷорӣ ба далели маҳдудитҳои эъмол шуда бар асари густариши вируси корона ва коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷики аз Русия барои бори нахусти арзиши доллар дар баробари воҳиди пули миллии ин кишвар аз 10 сомонӣ фаротар рафт. 
 
 Ба гуфтаи коршиносон идомаи густариши вируси корона , ки фаъолитҳои иқтисодиро маҳдуд мекунад метавонад барои кишварҳои назири Тоҷикистон, ки вобастагии зиёде ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз хориҷ доранд, паёмадҳои ногувор дошта бошад.

Барчасп