Август 15, 2020 12:03 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Тоҷикистон даргузашти Гулназар Келдиро таслият гуфт

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар паёме даргузашти Гулназар Келдӣ, нависанда, шоири соҳиби номи тоҷик ва сарояндаи суруди миллии Тоҷикистонро таслият гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадтақии Собирӣ дар ин паём изҳор дошт: Бо даргузашти эшон, ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон яке аз шахсиятҳои худро аз даст дод. Ин муҳаққиқи номошнои тоҷик, даврони умри пур хайру баракаташро дар ҷиҳати эътилои забон ва адаби муштаракамон сипарӣ намуд ва осор ва ёдгорҳои арзишманди ӯ дар ҳавзаи адабиёти порсӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрон низ бисёр шинохташуда ва мавриди таваҷҷуҳ мебошад.

Собирӣ афзуд: Инҷониб зимни арзи таслият ба бозмондагон, миллат ва кишвари дӯст ва ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон, аз Худованди бузург барои он марҳум оромиши абадӣ ва ҷаннати маконӣ ва барои бозмондагонаш сабру шикебоӣ орзу мекунам.

Гулназар Келдӣ, шоири мардумии Тоҷикистон дар сентябри 1945 дар минтақаи Айнии вилояти Суғд ба дунё омад ва 24 сол дошт, ки нахустин маҷмӯаи ашъораш бо нома «Расми сарбозӣ» интишор ёфт ва мавриди истиқболи шоирони замон воқеъ шуд.

Дастархон, Нардабон, Ағба, Паҳно, Лангар, Пайи дарё ва Ҷашми нигин аз ҷумла маҷмӯаи шеърҳои мунташиршудаи Гулназар Келдӣ ҳастанд.

Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоирони Тоҷикистон буд, ки ашъораш ба хатти форсӣ дар Эрон ва Афғонистон ба чоп расид ва шеърҳои чандин шоири машҳури русро низ ба форсии тоҷикӣ тарҷума кард.

Гулчине аз ашъори устод Гулназар Келдӣ бо номи «Забони ошиқӣ» ба кӯшиши марҳум Қайсари Аминпур, шоири барҷастаи муосири эронӣ, дар интишороти Сурӯши Эрон ба чоп расидааст.

 

Барчасп