Август 15, 2020 19:22 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши мизони истихроҷи маҳсулоти маъданӣ дар Тоҷикистон

Мизони истихроҷи маҳсулоти маъданӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2020, истихроҷи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 1.8 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бар асоси омори ироашуда, дар шаш моҳаи аввали соли 2020, арзиши маҳсулоти саноати истихроҷшуда аз маъданҳо ба ҳудуди 1737 миллион доллар расид.

Дар 6 моҳи аввали имсол истихроҷи санги филиз 19 дарсад, истихроҷи нафти хом 1.6 дарсад ва истихроҷи газ 4 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин аз январ то июли имсол низ, Тоҷикистон беш аз 294 ҳазор тонна коло ба арзиши 147.3 миллион доллар ворид кардааст.