Афзоиши маҳсулоти кишоварзии минтақаи Хатлони Тоҷикистон
Содироти маҳсулоти кишоварзии минтақаи Хатлони Тоҷикистон имсол нисбат ба соли 2019 афзоиш ёфт.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ин мизон 4 ҳазору 400 тонна бештар аз муддати мушобеҳи соли гузаштаи мелодӣ аст.
Аз январ то июли имсол 90 ҳазор тонна анвои сабзӣ ва мева аз шаҳрҳо ва навоҳии минтақаи Хатлон содир шудааст.
Шарафиддин Асомиддинзода , намояндаи ожонси содироти минтақаи Хатлон гуфт: аз оғоз имсол 90,235 тонна маҳсули кишоварзӣ ба кишварҳои мухталиф содир шуд.
Ӯ афзуд:бештари маҳсулоти кишоварзии мазореи Хатлон ба Русия содир мешавад.
Асомиддинзода гуфт:дар ин муддат замоне 76.5 ҳазор тонна анвои маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ ба Қазоқистон ,ҳудуди 11.2 ҳазор тонна ба Покистон , 2.2 ҳазор тонна ба Афғонистон ва 63.2 ҳазор тонна ба Қирғизистон содир шудааст.ӯ изҳор кард:20 тонна тарбуз низ ба Литва содир шуд.
Шарафиддин Асомиддинзода , намояндаи ожонси содироти минтақаи Хатлон гуфт: содироти маҳсулоти зироии ин фасл аз мазореъ ва боғҳои навоҳии Норак , Муминобод ,Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳин ҳамчунон идома дорад.