Маҳкумияти зиндон барои қочоқчии маводи мухаддир дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 18 Aug 2020 04:26:01 GMT )
Август 18, 2020 09:26 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти зиндон барои қочоқчии маводи мухаддир дар Тоҷикистон

Як шаҳрванди тоҷик ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба зиндон маҳкум шуд.

 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз спутник, додгоҳи Душанбе шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба 13 сол зиндон маҳкум кард. 
 
 Сервиси матбуотии додситони кулли кишвар эълом кард, ин гурӯҳи қочоқи маводи мухаддир муташаккил аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон буд. 
 
 Додгоҳи Душанбе бархе аз аъзои ин гурӯҳро то 20 сол ҳабс маҳкум кард. Камолиддин Влади Тоттӣ яке аз атбои Афғонистон дар шаби 3 декабр 2016 ба ҳамроҳи ҳамдастони мусаллаҳи худ , кисаҳои ҳовии тарёк ва ҳашишро ба Тоҷикистон қочоқ карданд. 
 
 5 декабр маъмурони полис Тоҷикистон ин маҳмуларо, ки шомили 63 килограмм ҳашиш ,3 килограмм тарёк ва 1.5 кг шоҳидона буд аз утоқи зери шервони яке аз сокинони ноҳия Ҳамадонӣ кашф карданд. 
 
 Дар соли 2016 , як парвандиа қазоӣ алайҳи аъзои ин гурӯҳи қочоқи маводи мухаддир ташкил шуд, бо ин ҳол яке аъзои ин гурӯҳ ба номи Қурбоналӣ Ширинов фирор кард. 
 
 Ин муҷрими фирорӣ дар авоили феврали 2020 дубора боздошт шуд.