Август 18, 2020 14:22 Asia/Dushanbe
  • Дармони 85 дар сад аз беморони короноӣ дар Тоҷикистон

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд 85 дар сад аз беморони мубтало ба корона дар кишвар дармон шуданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ва тибқи иттилои маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон то асри душанбе 27 август дар Тоҷикистон 34 мавриди мубтало ба корона шиносоӣ шуд.

Теъдоди мубталоён ба корона дар Тоҷикистон ба 8099 нафар расидааст.

Бар асоси ин гузориш токунун 6897 нафар (85 дар сад) аз беморони короноӣ дармон шуданд ва 64 нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд.

Маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимотт Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин эълок кард, ки тайи 24 соати гузашта, 79 бемори машкук ба ибтило ба бемории корона дар марокизи дармонӣ бистарӣ шуданд.