Август 23, 2020 19:06 Asia/Dushanbe
  • Оғози бардошти пахта аз бархе заминҳои зироати вилояти Хатлон

Бардошти пахта аз заминҳои зироати бархе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон бо ҳузури Қурбон Ҳакимзода, раиси ин вилоят оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълом кардаанд, бардошти пахта аз заминҳои зироати ноҳияҳои Шаҳритус, Кушониён ва Дӯстӣ дар ҷануби ин кишвар оғоз шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, интизор меравад имсол дар ин кишвар 420 ҳазор тонна пахта бардошт шавад, ки дар муқоиса бо соли қабл 20 ҳазор тонна бештар хоҳад буд.

Бо ин ҳол ба далели коҳиши нархи ҷаҳонии пахта акнун нигарониҳое дар бораи судовар будани содироти ин маҳсул дар соли равон дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Дар тобистони имсол нархи ҳар тонна пахта 197 доллар коҳиш ёфт, ки зарбаи шадиде ба кишоварзон ворид хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон ба далели набуди корхонаҳои фароварӣ танҳо 20 дарсад аз алёфи пахтаи тавлидшуда дар кишвар дар дохил ба маҳсул табдил мешавад ва бақия ба сурати хом содир мегардад.

Бар асоси омори расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол аз ин кишвар ба хориҷ ба маблағи 46 миллион доллар пахта содир шудааст.

 

Барчасп