Коҳиши арзиши маош ва дастмуздҳо дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56849-Коҳиши_арзиши_маош_ва_дастмуздҳо_дар_Тоҷикистон
Тибқи иттилои Ожонси давлатии омор, аввали ин тобистон мизони маош ва дастмузди Тоҷикистон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 дарсад коҳиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 25, 2020 16:45 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши арзиши маош ва дастмуздҳо дар Тоҷикистон

Тибқи иттилои Ожонси давлатии омор, аввали ин тобистон мизони маош ва дастмузди Тоҷикистон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи ожонси давлатии омори Тоҷикистон , миёнгини маош ва дастмузд дар ин кишвар дар моҳи июни имсол ба ҳазору 447 сомонӣ ( муодили 140 доллар ) расида, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 3 . 4 дар сад  коҳиш нишон медиҳад .
Бар ин асос  кишоварзон, муҳитбонону коргарони бахши шилот моҳиёнаи 523 сомонӣ ( наздик ба 53 доллар ) маош дарёфт мекунанд, ки поинтарин мизони маош ва дастмузд дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд .
Кормандони банкҳо ва ниҳодҳои молӣ ҳам бо се ҳазору 170 сомонӣ ( муодили 307 доллар ) болотарин маоши моҳиёнаро дарёфт мекунанд .
Маоши моҳиёнаи коргарони бахши маъдан  ду ҳазору 400 сомонӣ , сохтмонсозӣ ду ҳазору 200 сомонӣ ва энержӣю обӣ як ҳазору 900 сомониро ташкил мекунад .
Мизони ҳаддиақали маош ва дастмузди моҳиёна дар Тоҷикистон  400 сомонӣ эълом шудааст .
Бар асоси тасмими ҳукумати Тоҷикистон аз аввали моҳи сентябри имсол  ҳуқуқи кормандону бознишастагон дар ин кишвар  панҷ  дар сад афзоиш меёбад .