Омодагии Тоҷикистон барои тавсеаи равобити гардишгарӣ бо Исфаҳон
Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО аз омодагии комили Тоҷикистон барои тавсеаи равобити гардишгарӣ ва фаъолиятҳои муштарак бо устони Исфаҳони Эрон хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сарвар Бахтӣ дар дидор бо масъулону фаъолони санъати гардишгарӣ ва саноеъи дастии устони Исфаҳони Эрон гуфт, Исфаҳон аз шаҳрҳои дидании дунё аст, ки бо ҷозибаҳои гардишгарии бисёр зиёд, таъсири фаровону хотираангезе бар зеҳни гардишгарон мегузорад.
Вай пешниҳоди барпоии маркази намоишгоҳӣ ва фурӯшгоҳии саноеъи дастии 10 кишвари узви ЭКО дар Исфаҳонро матраҳ карду афзуд, ин кор фурсате барои таомулоти фарҳангии ҳарчӣ бештар байни ин кишварҳо ва афзоиши даромадзоӣ барои онҳо, ба вижа дар бахши хусусӣ хоҳад буд.
Бахтӣ бо ишора ба ин ки Тоҷикистон барои шурӯи равобити гардишгарӣ ва фаъолиятҳои муштарак бо Исфаҳон омодагии комил дорад то ин кор ба дигар кишварҳои узви ЭКО низ таъсир гузорад, афзуд: Исфаҳон зарфиятҳои бисёре дар заминаи гардишгарии саломат дорад, ки метавон аз он барои тавсеаи ин санъат дар таомул бо кишварҳои узви ЭКО истифода кард.
Вай бо ишораи алоқамандии мардуми Тоҷикистон барои сафар ба Исфаҳон гуфт, тоҷикистониҳо худро ҷузви фарҳанги Эрон медонанд ва агар шароит фароҳам шавад, онҳо ба Эрону Исфаҳон сафар хоҳанд кард.
Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО бо таъкид бар ин ки бемористонҳои Эрон дар кишварҳое монанди Тоҷикистону Ӯзбакистон шинохташуда ҳастанд, афзуд: “Мо агар иқдомоти хубе барои ҳамкорӣ иҷро кунем, ба нафъи ҳамаи кишварҳои узви ЭКО хоҳад буд.
Сарвар Бахтӣ нахустин гом барои барқарории ин ҳамкориҳоро эъзоми намояндагоне аз бахши гардишгарӣ, саноеъи дастӣ ва сармоягузории Исфаҳон ба Тоҷикистон ва шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва мушаххас кардани масирҳои ҳамкории муштарак эълом кард.
Сайидҳасан Қозии Аскар, муовини ҳамоҳангии умури иқтисодии устондории Исфаҳон ҳам бо эъломи омодагии Исфаҳон барои тавсеаи равобити гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ бо кишварҳои узви ЭКО гуфт, лозим аст кумитаҳои марбута дар ин замина бо ҳамкории бахши хусусӣ ва фаъолони ин бахш то обонмоҳи имсол (октябр - ноябр) ташкил шавад.
ТОҶИКИСТОН ДУШАНБЕ ХУҶАНД ЭРОН ИСФАҲОН