Август 28, 2020 19:28 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши мубодилоти бозаргонии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Нахустин бор дар панҷ соли ахир мизони мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Ӯзбакистон коҳиш ёфт.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, мизони мубодилоти тиҷории ин ду кишвари ҳамсоя дар шаш моҳи нахусти имсол 148 миллиону 100 ҳазор доллар эълом шуд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 11. 3 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар ин муддат Тоҷикистон аз Ӯзбакистон ба арзиши 113 миллиону 300 ҳазор доллар коло ворид ва ба ин кишвар муодили 35 миллиону 100 ҳазор доллар маҳсулот содир кардааст.

Ин дар ҳолест, ки аз соли 2014 то кунун мизони мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳамвора раванди афзоишӣ доштааст, ба тавре ки ин шохис аз 13 миллион доллар дар соли 2014 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 расид.

Умдаи содироти Тоҷикистон ба Ӯзбакистон алюминиюм, симон, барқ, нахи панба, пӯст ва фарш аст ва дар муқобил аз кишвари ҳамсоя газ, лавозими манзил, таҷҳизоти барқӣ ва нуриҳои минарлӣ ворид мекунад.

 

Барчасп