Лағви дидори фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо атбои тоҷикистонӣ
(last modified Sat, 29 Aug 2020 14:24:54 GMT )
Август 29, 2020 19:24 Asia/Dushanbe
  • Лағви дидори фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо атбои тоҷикистонӣ

Дидори фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо атбои тоҷикистонӣ, ки қарор буд дар Санкт-Петербург баргузор шавад лағв шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбор , Иззат Амон гуфт : ин ҷаласа қарор буд имрӯз ( 29 август ) дар салони    " Парнас "-и Санкт-Петербург баргузор мешуд, аммо бо назардошти мулоҳизаҳо лағв карда шуд.
Иззати Амон дар паёми тасвирӣ дар Ютюб аз атбои тоҷикистонии муқими Русия узрхоҳӣ ва аз ҳимояти мақомоти тоҷик қадрдонӣ кардааст .
Иззат Амон гуфт : бархе барои ҷилавгирӣ аз баргузарии ин ҷаласа , салонро ҳамзамон ба афроди дигарӣ иҷора доданд ва масъулони салону мақомоти маҳаллӣ ҳам эълом карданд, ки ба далели маҳдудиятҳои эъмол шуда барои пешгирӣ аз шуюъи карона баргузарии ин ҷаласаро муҷоз намедонанд .
Ба гуфтаи Иззат  Амон , мақомоти маҳаллӣ ваъда додаанд бо коҳиши маҳдудиятҳои марбут ба шуйюи корона аз ҳафтаи оянда , муҷаввизи ин ҷаласаро барои рӯзи душанбе  содир хоҳанд кард. .