Дархости генерали собиқи тоҷик аз додгоҳ барои бозбинӣ дар ҳукми ҳабси абад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56969-Дархости_генерали_собиқи_тоҷик_аз_додгоҳ_барои_бозбинӣ_дар_ҳукми_ҳабси_абад
Фармондеҳи собиқи горди миллии Тоҷикистон, ки ба ҳабси абад маҳкум аст аз додгоҳ дархости таҷдиди назар дар раъй ва интиқол ба зиндони дигар кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 31, 2020 09:13 Asia/Dushanbe
  • Дархости генерали собиқи тоҷик аз додгоҳ барои бозбинӣ дар ҳукми ҳабси абад

Фармондеҳи собиқи горди миллии Тоҷикистон, ки ба ҳабси абад маҳкум аст аз додгоҳ дархости таҷдиди назар дар раъй ва интиқол ба зиндони дигар кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз манобеъи хабарӣ, Ғаффор Мирзоев, ки дар ҷанги дохилӣ ( 1992-1997) фармондеҳи горди миллии ин кишвар буд ва барои давлати феълӣ ҷангид, дар соли 2004 ба иттиҳоми бомбгузорӣ, ҳамроҳ доштани ғайриқонунии аслиҳа, қатл, суистифода аз мақоми давлатӣ ва талош барои кудато дастгир ва ду сол баъд ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Ойша Мирзоева- хоҳари Ғаффор Мирзоев гуфт: Парвандаи бародараш дубора дар ҳоли баррасӣ аст ва аз ӯ чанд бор бозҷӯӣ ва хоста шуда ба суистифодаҳое, ки дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи худ кардааст эътироф кунад.

Хоҳари Мирзоев гуфт: 28 августи имсол барои бародараш дар зиндон ғизо бурда ва бо ӯ мулоқот кардааст.

Ғаффор Мирзоев нигарон аст афроде, ки дар ҷанги дохилии Тоҷикистон алайҳи онҳо ҷангидааст ба хонаводааш осеб бирасонанд.

Мирзоеви 64 сола ҳеҷ кадом аз иттиҳомоти худро қабул накардааст.

Раиси Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз дигар масъулиятҳои генерал Ғаффор Мирзоев будааст.