Шиносоии 34 бемори ҷадиди коронаӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56992-Шиносоии_34_бемори_ҷадиди_коронаӣ_дар_Тоҷикистон
Бо шиносоии 34 мавриди ҷадиди ибтило ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон шумори мубталоён ба корона дар ин кишвар то субҳи имрӯз ба 8 ҳазору 550 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 31, 2020 06:40 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 34 бемори ҷадиди коронаӣ дар Тоҷикистон

Бо шиносоии 34 мавриди ҷадиди ибтило ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон шумори мубталоён ба корона дар ин кишвар то субҳи имрӯз ба 8 ҳазору 550 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар шабонарӯзи гузашта ҳеҷ мавриди ҷадиди фавт бар асари корона дар ин кишвар шиносоӣ нашудааст.

Бар ин асос то соати 10 субҳи рӯзи душанбе 31 августи 2020 теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Тоҷикистон бидуни афзоиш ҳамон 68 нафари қаблӣ эълом шудааст.

Аз 8 ҳазору 550 бемори мубтало ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон то кунун 7 ҳазору 341 нафар беҳбуд ёфтаанд ва беш аз ҳазор бемор ҳам дар хонаҳояшон таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.

Дар шабонарӯзи ахир 32 бемор низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.