Август 31, 2020 11:52 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон аз вилояти Бадахшон ба конгираи Ҳизби халқии демократӣ пешниҳод шуд

Созмони Ҳизби халқии демократӣ дар Бадахшон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълии Тоҷикистонро ба унвони намояндаи худ барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ба конгираи ин ҳизб муаррифӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, дар ин нишаст теъдоде аз аъзои Ҳизб халқии демократӣ аз вилояти Бадахшон барои ширкат дар конгираи ин ҳизб, ки сеюми сентябр барои таъйини номзади ин гурӯҳи сиёсӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад, муаррифӣ шуданд.

Манобеъи Дафтари маркази ин ҳизб дар Душанбе гуфтаанд, ки тамомии созмонҳои аввалияи ин гурӯҳи сиёсӣ бо боргузории ҷаласоти хеш, беш аз ҳазор нафарро ба унвони намояндаи худ барои ширкат дар конгираи ҳизбӣ муаррифӣ карданд.

Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 фаъолият мекунад ва дорои 500 ҳазор узв аст.

Ин ҳизб номзадии Эмомалӣ Раҳмонро барои интихоботи раёсатҷумҳурии солҳои 1999, 2006 ва 2013 пешниҳод карда буд.

То ба ҳол раисони ҳизбҳои сотсиалист, демократ, кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, ки намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ҳастанд аз сӯи конгираҳои ҳизбӣ ба унвони номзади интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар пешниҳод шудаанд.

Ҳизби сотсиал демократ аз ширкат дар ин интихобот даст кашида ва Ҳизби коммунист ҳам дар конгираи худ дар рӯзи панҷуми сентябр Меъроҷ Абдуллоҳов, раиси ҳизб ва намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистонро ба унвони номзад пешниҳод хоҳад кард.

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ рӯзи 11 октябри имсол баргузор мешавад.

 

Барчасп