Август 31, 2020 13:00 Asia/Dushanbe
  • Нокоромадии барномаи Тоҷикистон барои ҳимоят аз бахши хусусӣ дар шароити корона

Иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ки барномаи ҳукумати Тоҷикистон барои ҳимоят аз бахши хусусӣ дар шароити густариши вируси корона кофӣ нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи CABAR. Asia, Айюб Эйгамов мегӯяд, ки барномаи ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини маводи ғизоӣ дар бозори дохилӣ, ҷилавгирӣ аз афзоиши қиматҳо, кумак ба қишрҳоии осебпазири ҷомеа ва эътои имтиёз ва тасҳилоти андоз ба бахши хусусӣ бо мушкил рӯбарӯ шудааст.

Айюб Эйгамов афзуд: Дар амал ниҳодҳои масъул аз ҷумла бонкҳои Тоҷикистон ин барномаро ба унвони як тавсия пазируфта ва танҳо 4 бонк аз 17 бонк, ҳозир ба ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ин иқтисоддони тоҷик ҳамчунин барномаи таъмини маводи ғизоӣ дар бозори дохилӣ ва ҷилавгирӣ аз афзоиши қиматҳо иҷро нашуда ва муҷиби афзоиши таваррум шудааст, ба наҳве, ки агар дар соли 2019 таварруми солона 8 дарсад буд, ин шохис фақат дар ҳафт моҳи гузашта ба 5 ва чаҳор даҳуми дарсад расидааст.

Вай афзуд: Аз сӯи дигар барномаи ҳимоят аз қишрҳои осебпазири ҷомеа шомили 28 ноҳияи Тоҷикистон аз 63 ноҳия мешавад, ки маблағи он барои ҳар хонавода дар ҳар се моҳ 116 сомонӣ аст.

Аз дидгоҳи Эйгамов ҳатто Идораи андоз, ки муваззаф ба ироаи тасҳилот ба бахши хусусӣ ҳастанд аз фаъолони иқтисодӣ ва тиҷорӣ мехоҳанд, ки андози худро пеш аз замони муқаррарӣ пардохт кунанд.

 

Барчасп