Боз 20 соли зиндон барои Бахтиёр Абдулсамадов
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57060-Боз_20_соли_зиндон_барои_Бахтиёр_Абдулсамадов
Бародари тарроҳи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар тобистони соли 2018, ки низ дар соли 2009 ба 16 соли зиндон маҳкум шуда буд, бори дигар ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 02, 2020 13:21 Asia/Dushanbe
  • 
Боз 20 соли зиндон барои Бахтиёр Абдулсамадов

Бародари тарроҳи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар тобистони соли 2018, ки низ дар соли 2009 ба 16 соли зиндон маҳкум шуда буд, бори дигар ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти  Ҷи, додгоҳи олии Тоҷикистон  Бахтиёр Абдулсамадов бародари Ҳусейн Абдулсамадовро, ки соли 2009 ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористӣ ва гузари ғайри муҷоз аз марз ба 16 сол  зиндон маҳкум шуда буд , дубора ба иттиҳоми мушорикат дар шӯриши шаби 19 майи соли 2019 дар зиндони ноҳияи Ваҳдат ба 20 соли зиндон маҳкум кард .
 Ҳусейн Абдулсамадов, ки ба иттиҳоми тарроҳии ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ ба зиндони абад маҳкум шуда буд, дар моҳи марти соли 2020 дар зиндони маҳали маҳкумияти хешӣ даргузашт .
Додгоҳи олии Тоҷикистон  Бахтиёр Абдулсамадов бародари Ҳусейнро ба унвони яке аз ташвиқкунандагони шӯриши хунини моҳи майи соли 2019 дар зиндони ноҳияи Ваҳдат, ки мӯҷиби кушта шудани 29 зиндонӣ ва се маъмури зиндон шуд , ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст .
 Бахтиёр Абдулсамадов давраи ҷадиди маҳкумияти худро дар зиндони дороии низомаш  шадиди шаҳри Бохтари маркази вилояти Хатлон хоҳад гузаронад .
Наздикони Бахтиёр муддаӣ шудаанд вай шаби ҳодисаи шӯриш дар зиндони Ваҳдат, бемор ва дар беҳдорӣ буда ва аслан ҳеч иртиботе ба ҳодиса надорад, аммо мақомоти додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯянд чанд зиндонӣ шаҳодат додаанд, ки вай зиндониёнро ба ошӯб  фаро хондааст .
Бо вуҷуди даъвати созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарии байналмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон барои таҳқиқи мустақили ҳодисаи шӯриши шаби 19 май соли 2019 дар зиндони ноҳияи Ваҳдат , мақомоти қазоӣ аз пазириши ин дархост худдорӣ кардаанд .