Сентябр 02, 2020 13:35 Asia/Dushanbe
  • Таъини музокиракунандаи нави марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон

Муовини дуюми сарвазири Тоҷикистон ҷонишин Азим Иброҳим дар гуфтугӯҳои марзӣ бо Қирғизистон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, манобеи ҳукуматӣ дар Душанбе гуфтаанд, ки дар паии интисоби Азим  Иброҳим  муовини нахуствазир ва сарпарасти ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар музокироти марзӣ бо Қирғизистон ба самти вазири ҳамлу нақли ин кишвар, Давлатшоҳи Гулмуҳаммадзода  муовини дигари нахуствазири Тоҷикистон  ҷонишини Азим Иброҳим шудааст .
 Ҳамчунин эълом шудааст, ки ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд  даври ҷадиди музокироти камиссиюни вижаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои аломатгузории марзи муштараки 970 километрии ин ду кишвар  баргузор мегардад, ки Давлатшоҳи Гулмуҳаммадзода ба унвони сарпарасти ҷадиди ҳайати ҳукумати Душанбе  бори нахуст дар ин гуфтугӯҳо ширкат хоҳад кард .
Дар пайи ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистони аломатгузорӣ шудааст.
Ихтилофи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғду Ботканд аз ҷумлаи мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи  ҷомеъ дар ин замина аст .

Барчасп