Шиносоии 34 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон
Бо шиносоии 34 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон шумори мубталоён ба корона дар ин кишвар ба ҳашт ҳазору 724 нафар расид.
Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар шабонарӯзи гузашта мавриди ҷадиди фавт бар асари корона дар ин кишвар сабт нашудааст.
Бар ин асос то соати 19 рӯзи ҷумъаи чаҳоруми сентябри 2020 теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Тоҷикистон ҳамон 69 нафари қаблӣ аст.
Аз ҳашт ҳазору 724 бемори мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун ҳафт ҳазору 515 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар шабонарӯзи охир 86 нафар ба гумони мубтало шудан ба Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 33 бемор низ аз бемористонҳо мураххас шудаанд.