Сабти як мавриди фавти дигар бар асари корона дар Тоҷикистон
Як мавриди фавти дигар бар асари бемории Ковид - 19 дар Тоҷикистон сабт шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон , дар шабонарӯзи гузашта 33 бемори ҷадидиКовид - 19 шиносоӣ ва як мавриди ҷадиди фавт бар асари корона сабт шуд .
Бар ин асос то соати 19 рӯзи шанбе панҷуми сентябри 2020 теъдоди ҷонбохтагон аз Ковид- 19 дар Тоҷикистон ба 70 нафари расид .
Токунун шумори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон ба ҳашт ҳазору 757 нафар расидааст .
Аз ҳашт ҳазору 757 бемори мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон токунун ҳафт ҳазору 549 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Дар шабонарӯзи ахир 85 нафар ба гумони мубтало шудан ба Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 34 бемор низ аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Ҳамчунин як ҳазор нафар аз беморони Ковид- 19 дар хонаҳои хеш таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд .