Шиносоии 35 мавриди ҷадиди КОВИД-19 дар Тоҷикистон
Бо шиносоии 35 бемори ҷадиди КОВИД-19 дар Тоҷикистон шумори мубталоён ба корона ба 8 ҳазору 792 нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар шабонарӯзи гузашта мавриди ҷадиди фавт бар асари корона дар ин кишвар сабт нашудааст.
Бар ин асос то соати 10 субҳи рӯзи душанбе ҳафтуми сентябри 2020 теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Тоҷикистон ҳамон 70 нафари қаблӣ аст.
Аз 8 ҳазору 792 бемори мубтало ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон то кунун 7 ҳазору 581 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар шабонарӯзи ахири 88 нафар ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 32 бемор низ аз бемористонҳо мураххас шудаанд.