Таъкиди номзади интихоботи президентии Тоҷикистон бар коҳиши молиёт дар ин кишвар
(last modified Mon, 07 Sep 2020 16:03:53 GMT )
Сентябр 07, 2020 21:03 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди номзади интихоботи президентии Тоҷикистон бар коҳиши молиёт дар ин кишвар

Номзади Ҳизби демократи Тоҷикистон дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ тағйир ва ислоҳи қонуни молиётро хостор шуд.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷикистон Таймс”, Сайидҷаъфар Усмонзода дар ташреҳи барномаи интихоботии худ гуфтааст, ки яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар роҳи пешрафти иқтисоди Тоҷикистон - молиёти болост, ки ин кишварро дар радифи 10 кишвари нахусти ҷаҳон бо молиёти сангин қарор додааст.

Намояндаи феълии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон афзуд, тасвиби қонуни ҷадиде барои молиёт дар Тоҷикистон зарурат дорад то молиёти феълӣ 50 дарсад коҳиш ёбад.

Усмонзода гуфт, қонуни феълӣ роҳи пардохти ришва ба кормандони хадамоти давлатии молиётро низ ҳамвор мекунад ва ин мавзуъ муҷиби коҳиши қобили мулоҳизаи бахши даромади буҷаи Ҳукумат мешавад.

Вай ҳамчунин хостори тағйири асосӣ дар сохтори вазоратҳои саноат, рушди иқтисод ва тиҷорат ва Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон шуд.

Аз дидгоҳи ин номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон бештари оморҳои ироашуда дар ин вазоратхонаҳо дар бораи рушду пешрафти кишвар ғайривоқеӣ аст.

Усмонзода афзуд, дар Тоҷикистон донишомӯхтаҳои донишгоҳҳои муътабари ҷаҳон зиёд ҳастанд, ки метавонанд барои кор дар сохторҳои иқтисодӣ ҷазб шаванд.