Бонки дар ҳоли варшикастагӣ, миллионҳо доллар ҳам маҳкум шуд
(last modified Tue, 08 Sep 2020 14:08:52 GMT )
Сентябр 08, 2020 19:08 Asia/Dushanbe
  • Бонки дар ҳоли варшикастагӣ, миллионҳо доллар ҳам маҳкум шуд

Додгоҳе дар Ню-Йорки Амрико бонки сармоягузории кишоварзии Тоҷикистонро ба пардохти беш аз 24 миллион ҳазор доллар ҷарима ба нафъи як ширкати Ҳонг-Конг маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ  Ти Ҷи, ин бонки Тоҷикистон, ки дар ҳоли ҳозир дар остонаи варшикаст шудан қарор дорад ба иттиҳоми амал накардан ба таъаҳҳудоти хеш дар қиболи ширкати Super Perfect Investment Ltd,  ки соҳиби он як табааи Австрия  аст , ба пардохти 24 миллиону 500 ҳазор доллар  ҷарима маҳкум кард .
Соҳибкори австриягӣ Элиз Шинбергер ва вакилони ӯ изҳор доштанд, ки Бонки сармоягузории кишоварзии Тоҷикистон дар Сити Бонки Амрикои Ню Йорк суратҳисоб дорад ва аз ин рӯ маҷбур аст барои риоя накардани он ҷарима супорад. Додгоҳи Швейтсария қаблан дар ҳамин ҳолат бонки Тоҷикистонро 19 миллион доллар ҷарима бастааст.
Моҷаро ба тавофуқи банки сармоягузории кишоварзии Тоҷикистон бо ширкати ёдшудаи Ҳонг-Конгӣ дар соли 2013 бармегардад, ки бо тазмини ин бонки тоҷикистонӣ ширкате бо номи Ливканд ваъда дода буд, ки 20 ҳазор тонна пахта мефурӯшад.
Аммо бо вуҷуди интиқоли маблағи панҷ миллиону 367 ҳазор доллар ба ҳисоби ширкати Ливканд аз тариқи бонки кишоварзии Тоҷикистон  ин муомила анҷом нашуд ва ширкати Ҳонг-Конг  ҳеҷ пахтае дарёфт накард.
Бонки сармоягузории кишоварзии Тоҷикистон аз соли 2016 дар бӯҳрони молӣ гирифтор асту наметавонад маблағҳои ба амонат гузоштаи муштариёнашро пардохт кунад .
 800 навъи амволу сохтмонҳои ин банк ба арзиши молии 900 миллион сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст .