Шиносоии 36 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон
Бо шиносоии 36 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон шумори мубталоён ба корона дар ин кишвар ба 8 ҳазору 860 нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар шабонарӯзи гузашта мавриди ҷадиди фавт бар асари корона дар ин кишвар сабт нашудааст.
Бар ин асос то соати 19 рӯзи сешанбеи 8 сентябри соли 2020 теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Тоҷикистон ҳамон 70 нафари қаблӣ аст.
Аз 8 ҳазору 860 бемори мубтало ба Ковид -19 дар Тоҷикистон токунун 7 ҳазору 650 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар шабонарӯзи ахир 87 нафар ба гумони мубтало шудан ба Ковид -19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 34 бемор низ аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Ҳазор нафар ҳам дар хонаҳои худ таҳти муроқибати табибон дармон мешаванд.