Дидори мардумии номзадҳои раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихобияи Бохтар
Номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони онон бо ҳузур дар ҳавзаи интихобияи Бохтар, маркази вилояти Хатлон барномаҳои интихоботии худро бо мардум дар миён гузоштанд.
Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин дидор Абдуҷҷаббор Азизӣ, муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ- демократӣ ба намояндагӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, худкифоӣ дар таъмини барқ ва хурӯҷ аз бунбасти иртиботӣро, аз муҳиммтарин хадамоти Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон донист.
Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон ҳам авлавиияти барномаҳои худро коҳиши молиёти дарёфтӣ аз бахши кишоварзӣ унвон кард.
Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон низ ваъдаи афзоиши ҳуқуқи кормандони бахшҳои омӯзишу парвараш ва бозништагонро матраҳ кард.
Ҳамчунин Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон роҳандозии бозори бурс дар ин кишварро авлавияти барномаҳои интихоботии хеш эълом кард.
Заррагул Мирасанова, намояндаи Мироҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ дар ин нишаст гуфтааст, ки меҳвари барномаҳои номзади ин ҳизб, барқарории адолати иҷтимоӣ ва расидагӣ ба вазъи қишрҳои осебпазири ҷомеа аст.
Амонуллоҳ Ашӯрзода, раиси ҳавзаи интихобияи Бохтар гуфтааст, ки дар минтақаи Бохтар 41 маркази раъйдиҳӣ таъсис шуда ва тамоми шароит барои баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 11 октябр фароҳам аст.
Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқӣ -демократӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев, номзади ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри ин кишвар рақобат хоҳанд кард.