Сентябр 19, 2020 11:36 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия

Бонки марказии Русия аз коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар се моҳи дуввуми имсол хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ин афрод дар се моҳи дуввуми имсол 322 миллион доллар аз Русия ба кишварашон ирсол кардаанд, ки ин шохис дар се моҳи нахуст 359 миллион доллар буд.

Далели аслии коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия густариши вирус куруно, таътилии марокизи тавлидӣ, санъатӣ ва коҳиши фаъолияти бахшҳои тиҷорӣ, сохтумонсозӣ ва хадамот унвон мешавад. Қаблан низ коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ аз эҳтимоли коҳиши 20 дарсадии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия дар пайи густариши вируси куруно хабар дода буданд.

Ин дар ҳоле аст, ки бархе аз иқтисоддонони тоҷик пешбини кардаанд, ки даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия бо коҳиши 50 дарсадӣ рӯ барӯ шавад.

Коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2019 аз Русия ба кишварашон ду миллиарду 700 миллиондоллар ирсол карда буданд.

 

Барчасп