Сентябр 20, 2020 11:51 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати намояндагони парлумонии Узбекистон ба Душанбе

Ҳайате аз намояндагони парлумони Узбекистон имрӯз барои ширкат дар нахустин нишасти муштараки гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ бо Тоҷикистон вориди Душанбе мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, раёсати ҳайати парлумонии Узбекистонро дар ин сафари Улуғбек Иноятов, муовини раиси Утоқи қонунгузории олии маҷлиси ин кишвар бар ӯҳда хоҳад дошт.

Раҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумони Узбекистон бар ӯҳдаи Дилрабо Мансурӣ, муовини Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аст.

Ҳайати парлумонии Узбакистон фардо дар шаҳри Душанбе бо ҳамтоёни тоҷики худ дидору гуфтугӯ мекунанд.

Намояндагони парлумони Узбекистон дар чорчӯби сафари худ ба Тоҷикистон ҳамчунин бо раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар дидор ва аз шаҳри Турсунзода боздид мекунанд.

 

Барчасп