Сабти як мавриди фавти дигар бар асари Ковид - 19 дар Тоҷикистон
Як мавриди дигари фавт бар асари гирифтор шудан ба Ковид -19 дар Тоҷикистон сабт шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон , шумори мубталоён ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 43 бемори ҷадид дар соати 19 рӯзи чаҳоршанбе 23 сентябр ба 9 ҳазору 475 нафари расид.
Шумори афроди фавт шуда низ бар асари Ковид - 19 бо як мавриди афзоиш ба 73 нафар расидааст .
Аз 9 ҳазору 475 бемори Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун ҳашт ҳазору 244 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Дар шабонарӯзи ахир 108 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистони бистарӣ ва 45 бемори ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Ҳудуди ҳазор нафар ҳам дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд .