Бардошти маҳсулоти кишоварзӣ аз мазореъи Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз бардошти 805 ҳазор тонна гандум, 222 ҳазор тонна картошка ва 94 ҳазор тонна пахта дар ин кишвар то рӯзи 23 сентябр хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон , аз масоҳати 300 ҳазор гектар замин дар ин кишвар беш аз 805 ҳазор тонна гандум бардошт шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 39 ҳазор тонна бештар мебошад .
Ҳамчунин аз 33 ҳазор гектар замини зери кишти картошка то ба ҳол маҳсули 13 ҳазор гектар бардошт шуда, ки 222 ҳазор тоннаро ташкил кардаасту дар муқоиса бо давраи мушобеҳи сол қабл наздик ба 18 ҳазор тонна камтар мебошад .
Аз сӯи дигар то охири даҳаи дувуми моҳи сентябр дар Тоҷикистони наздик ба 94 ҳазор тонна пунба бардошт шуда, ки бештари ин маҳсул саҳми кишоварзони вилояти Хатлон ба ҳисоб меояд .
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълом кардааст, ки имсол бардошти 421 ҳазор тонна пунба аз наздик ба 186 ҳазор гектар заминҳои зери кишти ин маҳсулро барномарезӣ кардааст .