Маҳкумияти панҷ шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба Қирғизистон
Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон панҷи шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави он кишвар ба пардохти ҷаримаи молӣ ва зиндон маҳкум кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи АКИ Пресс , ин панҷ нафар, ки сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд, бар асоси қарордод бо як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба исми Фатҳуллоҳ барои ҷамъоварии шираи камол ба куҳистонҳои вилояти Ботканди Қирғизистон мунтақил шудаанд .
Корфармо ба онон барои ҷамъоварии ҳар як килограм шираи камол пардохти ҳашт долларро ваъда дода аст.
Онон дар додгоҳ гуфтаанд ки намедонистанд вориди қаламрави Қирғизистон шудаанд, аммо нерӯҳои марзбонии Қирғизистон пас аз чанд рӯз ононро ба иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави ин кишвар боздошт кардаанд .
Додгоҳи ноҳияи Лайлак ҳар як аз се шаҳрванди Тоҷикистонро ба пардохти 220 ҳазор суми қирғизӣ ва ихроҷ аз ин кишвар маҳкум кард.
Ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ ҳар як ба шаш моҳ зиндон маҳкум шудаанд.