Фирори шаш зиндонӣ аз ҷумлаи ду тоҷик аз зиндоне дар ҷумҳурии Доғистони Русия
(last modified 2020-09-24T06:17:59+00:00 )
Сентябр 24, 2020 11:17 Asia/Dushanbe
  • Фирори шаш зиндонӣ аз ҷумлаи ду тоҷик аз зиндоне дар ҷумҳурии Доғистони Русия

Шаш зиндонӣ шомили ду шаҳрванди Тоҷикистон аз зиндоне дар ҷумҳурии Доғистони Русия гурехтанд ва таҳқиқот барои боздошти онон оғоз шуда аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Спутник , Кумитаи тафтишотии Русия алайҳи мудири зиндони шаҳраки Шомхол дар ҷумҳурии Доғистони ин кишвар ба иттиҳоми саҳлангорӣ, ки муҷиби фирори ин шаш зиндонӣ аз ҷумлаи ду шаҳрванди Тоҷикистон шуда аст, парвандаи ҷиноӣ ташкил карда аст.

 Бар асоси ин гузориш, ин шаш зиндонӣ бо кандани нақб дар яке аз коргоҳҳои ин зиндон дар як соли ахир, муваффақ ба фирор аз ин зиндон шудаанд, ки амалиёти густарда барои боздошти онон оғоз гардида аст.

 Гуфта мешавад, ки дар маҳалли фирори ин афрод дурбинҳои назоратӣ кор гузошта шуда буд ва маълум нест, ки зиндониён амалиёти фирор аз зиндон аз роҳи нақбро чи гуна иҷро кардаанд .Мақомоти интизомӣ номи ду  шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз ин зиндон фирор кардаанд Шомил Бойматов ва Муҳаммадрасул Машрабов, ҳар ду 30 сола , сокинони ноҳияи Ёвон ва шаҳри Душанбе эълом кардаанд, ки ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба 14 ва 10 сол маҳкум шуда буданд .

 Ба гузориши созмони зиндонҳои Русия дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои ин кишвар беш аз ҳафт ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон даврони маҳкумияти худро мегузаронанд, ки ҷурми аксари онон қочоқи мавод мухаддир мебошад.