Ҳузури вазири хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти «Гурӯҳи кишварҳои дар ҳоли тавсеаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs)»
(last modified 2020-09-25T14:55:57+00:00 )
Сентябр 25, 2020 19:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури вазири хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти «Гурӯҳи кишварҳои дар ҳоли тавсеаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs)»

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дидори солонаи вазирони умури хориҷаи Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) ширкат кард.

Ба гузориши Форс, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти солонаи вазирони умури хориҷаи Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs)  суханронӣ кард.

Вай пешбурди масоили марбӯт ба транзит ва ҳамлу нақл, тиҷорати байналмилалӣ, фанновариҳои  иттилоотӣ ва иртиботӣ, ҳамгароии минтақаӣ, соддасозии раванди тиҷорат ва тағйири иқлим дар давраи вируси ҳамагири куруноро ба унвони авлавияти кишварҳои узви ин созмон унвон кард.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар бахши дигаре, даҳаи байналмилалии амал ба унвони “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро бистари муҳими тарвиҷи масоили об дар фазои Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) хонд.

Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) муташаккил аз 32 кишвари шомилӣ 16 кишвари африқоӣ, 10 кишвари осиёӣ, аз ҷумла 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, 4 кишвари аврупоӣ ва 2 кишвар дар Амрикоӣ Ҷанубӣ аст.

Раёсати Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) барои давраи 2020 то 2021 бар ӯҳда Қазоқистон аст.

 

Барчасп