Октябр 03, 2020 19:00 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 43 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон

Шумори беморони Ковид -19 дар тоҷикистон бо шиносоии 43 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи шанбе 3 октябр ба 9 ҳазору 895 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори афроди фавтшуда бар асари ин беморӣ низ то соати 19 рӯзи шанбе  3 октябр  ҳамон 77 нафари пешин аст .
Аз 9 ҳазору 895 бемори Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун ҳашт  ҳазору 707 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Дар шабона рӯзи ахир  65 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистони бистарӣ ва 46 бемори ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Ҳудуди ҳазор нафар низ дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд .

Барчасп