Тоҷикистон шасту ҳафтумин кишвари ҷаҳон дар захоири тилло
Ширкати мушовираи тиллои ҷаҳон мавсум ба "World Gold Council" дар рутбабандии ахири худ Тоҷикистонро ба лиҳози доштани захоири тилло дар ҷаҳон дар мақоми шасту ҳафтум қарор дод.
Ба иттилои хабаргузории Форс, ширкати "World Gold Council", ки дар заминаи рутбабандии кишварҳои ҷаҳон дар доштани захоири тилло фаъол аст, эълом кард: Тоҷикистон 12.3 тонна тилло дар ихтиёр дорад .
Давлати Тоҷикистон дар солҳои ахир ба истихроҷ ва тавлиди тилло таваҷҷуҳи зиёде кардааст .
Истихроҷи бузургтарин маодини тиллои Тоҷикистон ба ширкатҳои чинӣ вогузор шудааст .
Тибқи ин рутбабандӣ, дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ Русия бо беш аз ҳазору 526 тонна тилло дорои бештарин захоири ин металли гаронбаҳост ва аз ин лиҳоз дар мақоми ҳафтуми дунё қарор гирифтааст .
Ҳамчунин Қазоқистон бо дар ихтиёр доштани 244 тонна тилло дар мақоми 21 ва Қирғизистон бо доштани беш аз 4 тонна тилло дар мақоми ҳаштоду сеюми ҷаҳон ҷой гирифтааст .
Бештарин захираи тилло дар дунёро Амрико ва пас аз он Олмон ва Италия дар ихтиёр доранд .