Октябр 04, 2020 19:55 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 40 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон

Шумори беморони Ковид - 19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 40 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи якшанбе 4 октябр ба 9 ҳазору 935 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори афроди фавтшуда бар асари ин беморӣ низ то соати 19 рӯзи якшанбеи 4 октябр бо як мавриди афзоиш ба 78 нафар расидааст .
Аз 9 ҳазору 935 бемори Ковид -19 дар Тоҷикстон то кунун ҳашт  ҳазору 749 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Дар шабонарӯзи ахир 63 нафар ба гумони гирифтор шудан ба Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистони бистарӣ ва 42 бемор ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Ҳудуди ҳазор нафар низ дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд .

Барчасп