90 миллион доллар арзиши содироти алюминиюми Тоҷикистон дар ҳашт моҳи нахусти 2020
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i58061-90_миллион_доллар_арзиши_содироти_алюминиюми_Тоҷикистон_дар_ҳашт_моҳи_нахусти_2020
Вазорати саноеъ ва фанновариҳои навини Тоҷикистон аз содироти алюминиюм дар ҳашт моҳи нахусти имсол ба арзиши молии 90 миллион доллар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 05, 2020 08:45 Asia/Dushanbe
  • 90 миллион доллар арзиши содироти алюминиюми Тоҷикистон дар ҳашт моҳи нахусти 2020

Вазорати саноеъ ва фанновариҳои навини Тоҷикистон аз содироти алюминиюм дар ҳашт моҳи нахусти имсол ба арзиши молии 90 миллион доллар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, дар ин муддат 61 ҳазор тон алюминиюм дар ин кишвар тавлид шудааст,ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 105 тон бештар мебошад.

Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз аслитарин харидорони алюминиюми Тоҷикистон ҳастанд.

Дар ин муддат беш аз 57 ҳазор тон алюминиюм ба кишварҳои аврупоӣ содир шудааст.

Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон дар соли 1983 мелодӣ бо зарфияти тавлидии 500 ҳазор тон маҳсул дар сол ба баҳрабардорӣ расид, ки дар чаҳор соли ахир ба далели куҳнаву фарсуда шудани таҷҳизот, камбуди маводи хомва мушкили таъмини барқ наздик ба 100 ҳазор тон маҳсул арза мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи навсозии таҷҳизоти корхонаи алюминиюми ин кишварро бо ҳазинаи 545 миллиондолларии ширкати чинии “China Machinery Engineering Corporation” тасвиб кард, ки бояд аз авоили соли 2020 иҷро мешуд, аммо густариши вируси корона оғози ин тарҳро ба таъхир андохт.